06:01, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Қадрдонии рӯзноманигорон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ

Санаи 11-уми март бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони Воситаҳои ахбори умум ҷиҳати инъикоси фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва бахшида ба ҷашни таъсисёбии «Рӯзи матбуот» як зумра рӯзноманигорони варзида бо медал, «Ифтихорномаи фахрӣ» ва «Раҳматнома» сарфароз гардонида шуданд. Аз он ҷумла:

- бо медали ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ»:

- Пирзода Маҳмадсаид Шоҳидин – раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Рауфов Суҳроб – директори Телевизиони Тоҷикистон.

- бо «Ифтихорнома фахрӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Давлатзода Зевар Маҳмудӣ – директори Муассисаи давлатии ТВ «Сафина»;

- Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон – директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо».

 

- бо «Раҳматнома» аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Заробиддин Қосимӣ – директори АМИТ «Ховар»;

- Сангзода Акрам – мудири Шӯъбаи байналмилалии АМИТ «Ховар»;

- Пиров Раҳматулло – сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон;

- Назиров Абдулҳамид – муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон;

- Қаландаров Ниёзбек – сармуҳаррири идораи иттилоотии Телевизиони «Ҷаҳоннамо»;

- Аминов Парвиз – муҳаррири идораи иттилоотии Телевизиони «Ҷаҳоннамо»;

- Зокиров Маҳмадёқуб – сармуҳаррири идораи иттилоотии «Навид»-и Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина»;

- Каримов Зубайдулло – муовини сармуҳаррири идораи иттилоотии «Навид»-и Муасисаи давлатии ТВ «Сафина»;

- Ҷумаев Фирӯз – сармутаххасиси шӯъбаи ҳуқуқии рӯзномаи «Ҷумҳурият»;

- Аъзам Мусоев – хабарнигори ҳафтаномаи «Садои Мардум»;

- Ҳусейнова Ҷамила – хабарнигори ҳафтаномаи «СССР»;

- Мирбозхонова Ҷамила – хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж»;

- Гулаҳмадов Абдусаттор – сармуҳарррири рӯзномаи «Марзбони Ватан ва маҷаллаи «Марзбон»-и КДАМ;

- Муминҷонов Зулфиддин – мудири шӯъбаи ҳуқуқии Муассисаи давлатии Телевизиони «Пойтахт».

Мукофотҳоро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Садриддинов Ҷалолиддин дар фазои тантанавӣ ба рӯзноманигорони шинохта ва ҳирфавии кишвар супорида, онҳоро ба ҷашни таъсисёбии «Рӯзи матбуот» самимона табрику муборакбод намуданд.