07:51, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Ярмаркаи ҳунармандии баҳорӣ» доир мегардад

Дар Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон доир ба «Ярмаркаи ҳунармандии баҳорӣ», ки

рӯзҳои 12 ва 13-уми март баргузор мегардад, нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар рафти нишаст масъулон иброз доштанд, ки ярмаркаи мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат» гузаронида мешавад. Инчунин иброз гардид, ки косибон ва ҳунармандони болаёқат аз тамоми қаламрави мамлакат ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар он иштирок хоҳанд кард. Дар ярмарка малакаю маҳорати косибон ва ҳунармандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар бо намоиш додани санъат ва сифати маҳсулоти ҳунари дастии онҳо, аз ҷумла кандакорӣ, маҳсулоти сафолӣ, заргарӣ, лавозимоти рӯзгор ва ғайраро ба намоиш мегузоранд. Ҳунармандон ва косибони аз Ҷумҳурии Қирғизистон аллакай ба Тоҷикистон ҳозир шудаанд. Илова бар он дар рафти ярмарка барои баланд бардоштани таҷрибаи ҳунармандон, мастер-классҳо гузаронида мешавад. Тибқи нақша як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ба монанди мусиқӣ, рақс, намоиши муд аз коллексияи тарроҳони тоҷику қирғиз манзури ҳозирин хоҳад шуд. Таъкид рафт, ки мақсади ташкил намудани чунин чорабинӣ ҷалб намудани ҳунармандон аз ноҳияҳо ва деҳот барои боз ҳам беҳтар намудани таҷрибаи корӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳунармандии онҳо ва ҳамкорӣ намудан бо кишварҳои ҳамсоя мебошад.