07:48, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Рӯзи модарон» дар қаламрави Тоҷикистон таҷлил гардид

Рӯзи модарон дар қаламрави Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, тамоми модарону бонувони гиромӣ ва духтарони азизи мамлакатро самимона табрик гуфт. Дар паёми шодбошии Президенти кишвар, аз ҷумла таъкид шудааст, «Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд». /// Дар вилояти Суғд занон дар тамоми сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, тарбияи фарзанди солим, бомаърифату соҳибмаълумот, ватандӯсту ҷасур ва масъулиятшинос саҳми назаррас мегузоранд. Ҷиҳати таҷлили сазовори Рӯзи модарон дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор шуданд. Дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини бахши кор бо занон ва оилаи вилоят семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мақоми зан - модар дар пешбурди ҳаёти ҷомеа» баргузор гардид. /// Дар шаҳри Кӯлоб низ сокинон Рӯзи модаронро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар истиқбол намуданд. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ байни бонувон озмуни «Симои зан» ташкилу гузаронида шуд ва ғолибон сазовори туҳфаҳо гардиданд. /// Рӯзи модарон дар шаҳри Норак бо баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ ва ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки фаъолон таҷлил карда шуд. /// Дар ноҳияҳои Рашту Нуробод ҳам ба ифтихори Рӯзи модарон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ занони собиқадор ва кормандони тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ширкат варзиданд. /// Бахшида ба Рӯзи модарон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода чорабини тантанавӣ баргузор гардид. Таъкид гардид, ки мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо боқӣ мондааст. /// Ба ифтихори Рӯзи модарон дар ноҳияи Дарвоз чорабинии бошукӯҳи ҷашнӣ баргузор гардид. Сокинону меҳмонон дар баробари дигар тадбирҳои идона, бо истифода аз ин аёми гулпӯшу зебоиҳои табиат дар ҳавои дӯстона рақсу сурудхонӣ намуданд. /// Ба ин муносибат дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҷамъомади идонаи сокинон таъкид гардид, ки шумори занону бонувон айни замон дар ноҳия беш 76 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва 44 ҳазор занон қобили меҳнат буда, дар рушди хоҷагии халқи ноҳия саҳми бориз мегузоранд. /// Симои зан дар саҳифаҳои таъриху адабиёти куҳанбунёди мо хеле равшану барҷаста инъикос ёфтааст. Модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ воқеан арзишмандтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад.