06:07, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ёдбуди Акбаралӣ Сатторов ва рӯнамоии китоби “Акбари бузург”

Санаи 10-уми феврал дар рӯзи мавлуди марҳум Акбаралӣ Сатторов,

собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ёдбуди ӯ баргузор хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар маросими ёдбуд маҷмӯаи мақолаву ёддоштҳои дӯстон, ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбаралӣ Сатторов таҳти унвони “Акбари бузург” рӯнамоӣ шавад. Макон: толори хурди Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” (ГЖК). Оғоз: соати 10:00. Акбаралӣ Сатторов 28-уми августи соли 2015 бар асари сактаи қалбӣ дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт. Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор дида ба олам боз кардааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ноҳияи Ҳисор ба тавсияи устоди мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Аз миёни таҳсил ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз моҳи июни соли 1983 то моҳи июли соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати аскарӣ кардаву баъди бозгашт ба таҳсили худ идома додааст. Аммо сар аз соли сеюм, аниқтараш аз соли 1987 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) таҳсил намуда, соли 1990 онро хатм кард. Фаъолияти меҳнатиашро аз рӯзномаи он замон машҳури “Тоҷикистони Советӣ” оғоз мекунад. Баъди ҳамагӣ чор моҳ ба рӯзномаи “Садои мардум” гузаштаву аз моҳи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи ин рӯзнома буд. Аз сол ба соли дигар теъдоди нашрияҳои вай афзуданд. Аз 18 -уми ноябри соли 1994 то ба имрӯз директори генерали ҶДММ «Чархи Гардун» буд, ки илова ба ин ҳафтаномаи хонданӣ боз нашрияҳоеро аз қабили “Вечерний Душанбе», “Авиценна”, “Дайджест пресс», “Аладдин” , “Анушервон”, “Зан ва мард”-ро зери як ливо ба ҳам овардааст. Ӯ аз соли 2005 инҷониб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.