06:08, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Алӣ Бобоҷон китоби тозанашри худро ба ҳаводорони хурдсолаш тақдим намуд

Зиёданд китобҳои бачагонаи рангину шавқоваре, ки дорои мазмунҳои бою ғанианд.

Аммо эҷодиёти шоиру нависандаи кӯдакона - Алӣ Бобоҷон сабку услуби ба худ хосро доро буда, ба хонандаи хурдсол як ҷаҳон маънӣ мебахшад. Ӯ бештари ҳаёти худро ба эҷоди асарҳои гунонуни шавқовар ва шеърҳои ҷолиби даврони кӯдакӣ бахшидааст. Алӣ Бобоҷон зимни ҳамоише, таҳти унвони «Умре, ки сарфи шеър аст» бо ҳаводорони хурдсолаш дар шаҳри Душанбе суҳбати рӯ ба рӯ орост. Эҳтиром ба эҷодиёти ин шоир тавонист, ки ҳаводорони зиёди хурдсолашро дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба ҳам оварад. Аввалин офаридаҳои ӯ дар миёнаи солҳои 50-уми асри гузашта ба табъ расидаанд. Алӣ Бобоҷон муаллифи 30 китоби гуногунжанру пурмаъно, очерк, мураттиби бисёр тазкираҳои дастаҷамъона мебошад. Баҳри кӯдакону наврасон ва ҷавонон китобҳои «Бачаҳои хуб», «Мӯсича», «Парвози орзу», «Некӣ ба некӣ» ва ғайраро пешниҳод намудааст. Номбурда барои шеърҳояш оид ба ҳаёти кӯдакон борҳо ғолиби озмунҳои гуногун гардидааст.