05:48, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тоҷиддин Муҳиддинов овози фораму дилнишин дошт…

Аз даргузашти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тоҷиддин Муҳиддинов

21 сол сипарӣ шуд. Овозхони ансамбли эстрадии «Гулшан» Тоҷиддин Муҳиддинов 2-юми феврали соли 1949 таваллуд шудааст. Марҳум маҳорати овозхониро дар назди устодони барҷастаи санъати тоҷик омӯхта, беҳтарин сурудҳои иҷрокардааш «Эй санам», «Як ханда кун эй гул», «Аҷоиб дилбар ҳастӣ», «Модар», «Баҳори умр», «Сухан аз даҳонам афканд», «Сухани ошиқ», «Тарки ёрӣ», «Коми дил», «Фироқи ёр», «Шодиёна» ва «Ҷони ширин» мебошанд. Тоҷиддин Муҳиддинов истеъдоди фитрӣ ва овози фораму дилнишин дошт. Мавзӯи сурудҳои ӯ гуногун буда, ба рӯзгори имрӯза иртиботи зич дорад. Тоҷиддин Муҳиддинов 19-уми январи соли 1995 дар синни 46-солагӣ аз олам даргузашт.