06:50, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Амурро аз Темур ҷудо карданд

Паланг бо номи Амур ва буз бо номи Темур, ки чанд моҳ инҷониб

мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ қарор гирифтаанд, минбаъд дар қафасҳои алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори ТАСС директори боғи ҳайвонот Д.Мезентсев иттилоъ дода гуфтааст, ин тасмим бинобар ҳамла кардани паланг ба буз гирифта шудааст. «Сабаби мавриди ҳамла қарор гирифтани буз рафтори худаш мебошад. Буз бо шохҳояш якчанд маротиба ба паланг зарба зада, кӯшиши баромадан ба болои палангро намуд ва намегузошт, ки паланг дам бигирад. Аз ин рафтори буз паланг ба хашм омада, аз ёлҳои буз якбора дошта, ӯро дур ҳаво дод. Буз аз ин ҳамла ба талвоса афтод, зеро то ин замон аз паланг чунин рафтори бадхашмонаро надида буд. Бинобар ҳамин мо қарор додем, ки минбаъд онҳоро дар қафасҳои алоҳида ҷой диҳем». Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар як боғи ҳайвоноти Русия ба паланг ҳамчун тӯъма бузи зинда пешниҳод шуд, вале ғайричашмдошти ходимони боғи мазкур паланг аз истеъмоли буз даст кашида, ӯро ҳамчун шарики худ қабул кард.