06:44, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Соли 2015 дар қаламрави кишвар се ёдгории бостонӣ бозёфт шуд

Давоми соли 2015 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифз

ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон се ёдгории бостонӣ бозёфт ва ба қайд гирфита шудааст. Аз ин ёдгориҳо ду ибодатгоҳ дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод ва як хумдони сафолпазӣ дар шаҳри Турсунзода мебошанд, иттилоъ доданд, масъулини вазорат. Таъкид гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб намудани ин ва дигар мероси таърихию фарҳангии кишвар, кормандони вазорат давоми соли сипаришуда дар як қатор форуму ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Масъулин тамоми саъю кӯшишро ба он равона намуданд, ки чорабиниҳои дорои аҳамияти миллию байналмилалӣ дар сатҳи лозима таҷлил карда шаванд. Дар соҳаи театр низ навгониҳо назаррас буда, дар рӯйхати намоишномаҳои театрҳои кишвар боз 58 намоишномаи нав зам гардидааст. Умуман таъкид рафт, ки масъулини Вазорати фарҳанг соли гузашта фаъолиятро баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ равона намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ дастёб шудаанд.