06:35, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вохӯрии адибони муосири тоҷик бо хонандагони мактаб-интернат

Дар Мактаб - интернати рақами як вохӯрии адибони муосири тоҷик

Аюбзодаи Маҳзун ва Шаҳрияи Аҳдамзод бо тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Дар маҳфили адабӣ нахуст шоирони муосир дар назди таълимгирандагони муассиса, дар мавзӯи ватандустӣ, худшиносии миллӣ, ҷой додани мавзӯи модар ватан дар ашъори худ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи давлат мебошанд, вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи ҳар як фарди соҳибхиради ҷомеаи кунунии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ба нафъи кор буда, дар тарбияи насли наврас, бахусус дар руҳияи созандагӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасотӣ миллӣ нақши созгор ва муассир мегузорад. Гуфта шуд, ки ташкил ва роҳандозӣ кардани чунин чорабиниҳо агар аз як ҷониб дар бедор намудани ҳисси худшиносии насли наврас заминаи устувор гузорад, аз тарафи дигар завқу шавқи муҳассилинро дар мутолиаи бештари асарҳои пурмазмуни адибон дучанд мегардонад. Дар идомаи чорабинӣ, таълимгирандагони ин муассисаи таълимӣ аз ашъори ба тозагӣ эҷоднамудаи адабони муосир дар васфи Модар-Ватан шеъру суруд қироат намуданд.