05:59, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шиносоии ҷавонони язгуломӣ бо ёдгориҳои таърихии Ҳисор

Санаи 17-уми январ ҷавонони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ

дар доираи сафарашон таҳти унвони «Паёми дилҳо» дар якҷоягӣ бо ҷавонону донишҷӯёни шаҳри Душанбе аз ноҳияи Ҳисор боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва симои имрӯзи он воқиф гардиданд. Нахуст, ҷавонон ба Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор ва экспонатҳои осорхонаи шафати он шиносоӣ пайдо намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки симои таърихии ин ёдгории бостонӣ дар ҷараёни барқарорсозӣ хеле ободу зебо гардидааст. Деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, ҳавзи дохил, айвонҳои суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр, дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд. Қалъаи Ҳисор яке аз муҳимтарин иншооти ин ҷашни 3000-солагии Ҳисор ба шумор рафта, аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва умуман мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Ин ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII мелодӣ - “Ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Он нишонае аз маданияти зиёда аз панҷҳазорсолаи Тоҷикистон буда, яке аз ганҷинаҳои бебаҳои мардуми ориёнажоди ин сарзамин ба шумор меравад. Зимни вохӯрии ҷавонони язгуломӣ ва ҷавонону донишҷуёни Душанбе, миёни онҳо суҳбатҳои самимӣ, шеъру сурудхонӣ ва таманниёти нек ҷиҳати дӯстию рафоқат, меҳанпарастию доштани ҳувияти миллӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷавонони язгуломӣ Абдухолиқ Ризоев, Масрур Ғайратов ва Гулбонуи Тоҷибек дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз ташкили чунин як чорабинӣ, ки аз он хеле таасуроти баланд бардоштанд, ба Президенти мамлакат, Пешвои миллат Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ нисбати ҷавонони кишвар ва сол то сол беҳтару хубтар гаштани шароиту имкониятҳои ҷавонон миннатдорӣ баён намуданд. Хурсанд аз он буданд, ки давлату ҳукумати кишвар, ҷавонони тамоми минтақаҳои кишварро бо ҳам меорад, муттаҳид месозад ва ба роҳи ватандӯстӣ ҳидоят месозад. Имрӯз ба онҳо имкон пайдо гардид, ки бо дастгирии ташкилкунандагони ин чорабинӣ аз шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе, ноҳияҳои Дарвозу Ҳисор дидан намуда, бо дастовардҳои замони Истиқлолият, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ободию гулгулшукуфоии онҳо огоҳӣ пайдо намоянд. Ҳамчунин, ҷавонону донишҷӯёни Душанбе Аҳмадхуҷа Давлатов, Шодибег Ғолибов, Саидҷалол Муродов ва дигарон баромад намуда, оиди таҳкими дӯстию бародарӣ дар байни мардуми тамоми минтақаҳои кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ибрози андеша намуданд. Сипас ҷавонону донишҷӯён аз иншооти дигари ҷашнии Ҳисор чойхонаи миллӣ, ки дар шакли харбуза тарҳрезӣ шудааст, дидан намуданд. Ин чойхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дошта, дар масоҳати 4,5 га бунёд ёфтааст. Тамошои мавзеҳои зебои ноҳияи Ҳисор ба меҳмонон хеле писанд омад. Аксарияти онҳо ба ин ҷойҳо бори аввал омада, танҳо тариқи оинаи нилгун огоҳӣ доштанд. Пас аз бозгашт ба шаҳри Душанбе, ҷавонони язгуломӣ ҳамчунин ба идораи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз кору фаъолияти кормандони кумитаи мазкур аз наздик шинос гардиданд. Дар охир ба ҷавонони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз номи ташаббускорони чорабинӣ - роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.