05:47, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Китоби нав Тоҷикистонро дар доираҳои сайёҳии Олмон муаррифӣ хоҳад кард

Тоҷикистон кишвари дорои баландтарин, бузургтарин

ва дарозтарин кӯххою пиряхҳост. Кӯҳҳои сарбафалаки барфпӯш, обанборҳои бузурги ба мисли парии хуфта, пиряхҳои дарозтарин ва либосҳои рангоранги хонумони қашанги ин сарзамин аз ҷумлаи ормонҳои як нафар сайёҳи мағрибӣ ба ҳисоб меравад. Шилдирроси дарёчаҳо дар қаъри дараҳои сабзу зебо ва кӯлҳои сокит, кӯҳҳои сабзпӯшу теппаҳои гулафшон ва ё биёбонҳои сарди бе долу дарахт, шаҳрҳои сабзу бозорҳои фаровони серодам ва баландиҳои пурасрору аз панҷаи саноатикунонӣ дурмонда хоси Тоҷикистон буда, ба кас оромии рӯҳу равон ва қуввати ҷисму ҷон ато менамоянд. Заминаи хубу кофист, то кас борхалтаро ба пушт партофта, озими Тоҷикистон гардад. Табиати ин кишвар бемислу монанд буда, мафҳуми вақт дигар гуна фаҳмида мешавад. Кишваре ки чӣ табиати он ва чӣ ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиаш ҳар лаҳза ва ҳар соат дар ҳоли тағйирёбӣ буда, вохӯрӣ бо одамони наҷибу мухталиф ба кас эҳсоси худӣ ва фаромӯшношуданӣ ато мекунад. Cайёҳе боре дар ёддоштҳои худ чунин нигошта буд: «Ҳама гуна китобчаи роҳнамо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чун Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз роҳ ёфтанаш ба бозорҳо кӯҳна мегардад, зеро ҳаёт дар кишварҳои ин минтақа тағйирёбанда ва дар ҳоли рушд аст.». Ин аст, ки нашриёти Трешер Ферлаги Олмон (Trescher Verlag) китоби «Роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистон»-ро зери унвони «Тоҷикистон» маротибаи дуюм таҳрир, чоп ва пешкаши ҳаводорони олмонизабон намуд. Китоби мазкур дар ҳаҷми 448 саҳифа омода гардида, дар он 282 расми ранга ва 20 харитаи ҷуғрофӣ ҷой дода шудаанд. Ба фарқ аз шумораи якуми он, ки соли 2010 чоп шуда буд, оид ба шаҳри Душанбе, кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон маълумоти бештар гирд оварда шудааст. Дар изҳороти матбуотии нашриёт, ки шоми 8 январ нашр шуд, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: «Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланди худ дар доираҳои сайёҳии Аврупо ҳамчун ´Швейтсарияи Осиёи Марказӣ´ ҳисобида мешавад. Роҳнамо дар таҳрири нав ба сайёҳон дар омода намудани сафар ба Тоҷикистон маслиҳатҳои хубу нодир пешниҳод мекунад. Дар ин китоб дар бораи имкониятҳои шабгузаронӣ, хатсайрҳои мавҷуда, имконоти сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар ва ҷойҳои дидании кишвар пешниҳоду маслиҳатҳои муфид гирд оварда шудаанд. Китоб ҳамчунин барои нафароне низ тавсия мегардад, ки мехоҳанд сафари фарҳангӣ анҷом диҳанд. Зимни сафар ба Тоҷикистон кас имкон дорад, ба фарҳанги давраҳои томасеҳӣ, то бутпарастӣ ва тоисломӣ назар андохта, аз меҳмоннавозии самимии мардуми таҳҷоӣ ва дигар саргузаштҳои ғалатӣ ҳаловат барад». Китоб имрӯз дар мағоза ва нуқтаҳои китобфурӯшии Олмон ба фурӯш гузошта шуда, ба рушди туризм дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.