06:05, 14 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Фестивали байналмилалии «Мусаввараҳои яхин» дар Чин

Ҳамасола дар ҳамин мавсим шаҳри Харбини Ҷумҳурии Мардумии Чин

мизбони Фестивали байналмилалии «Мусаввараҳои яхин» мешавад. Ҳамакнун дар ин сарзамин 32-юмин Фестивали байналмилалии «Мусаввараҳои яхин» ба кор оғоз кард. Дар ин фестивал ҳайкалтарошон кӯшиш ба харҷ дода, беҳтарин ва ҷолибтарин мусаввараҳоро аз барфу ях омода намуда, манзури меҳмонону сайёҳон гардониданд. Барои омода намудани мусаввараҳо аз ях ҳайкалтарошон чанд рӯз заҳмат кашида, маҳсули дасти худро пешкаши иштирокдорони фестивал карданд. Ҳайкалтарошҳои чиноӣ дар ин фестивал бузургтарин «Қасри яхин»-ро, ки дар ҷаҳон то имрӯз касе ба бунёди он дастёб нашудааст, манзур намуданд. ёдрас мешавем, ки Фестивали «Мусаввараҳои барфину яхин» дар шаҳри Харбин ҳанӯз аз соли 1963-юм доир карда мешавад.