08:57, 24 November 2017
watch on Dushanbe time, GMT+5
The State Enterprise of
"Jahonnamo"

Partners





 

Calendar

<< < November 2017 > >>
Mo Tu We Th Fr Sa Su
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

weather

ФУТБОЛ: «Истиқлол» бар дастаи «Бенгалуру»-и Ҳиндустон ғолиб омад!

Чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе

дар бозии ҷавобии финалии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё шоми дирӯз бо чемпиони Ҳиндустон-дастаи «Бенгалуру» дар сафар вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 2:2 ҷамъбаст кард ва аз ҳисоби ду вохӯрӣ ба даври финалии охирин роҳ ёфт. Футболбозони тоҷик дар дақиқаи 4-ум баъди вайрон шудани қоида дар майдони назди дарвоза ба задани зарбаи ҷаримавии 11-метраи пеналтӣ ҳуқуқ пайдо карданд ва онро Нуриддин Давронов ба нишон расонд. То дақиқаи 20-ум истиқлолиҳо фурсатҳои мувофиқи голзаниро истифода набурданд ва дар дақиқаи 24-ум Раҳул Бҳека аз дастаи мизбон натиҷаро баробар кард. Дар поёни нимаи аввали вохӯрӣ баъди хатои дағал дар муқобили Дмитрий Барков нимҳимоятгари «Бенгалуру» Ҳурманиёт Синх Хабра бо корти дуюми зард, ки ба сурх табдил ёфт, аз майдон ронда шуд. Дар нимаи дуюм сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати даста тағйирот ворид кард ва баъди ба майдон омадани Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷони Ҳасан ва Дилшод Восиев бозии бачаҳо беҳтар шуд ва дар дақиқаи 56-ум Дмитрий Барков голи дуюми моро ба самар расонд. Аммо Сунил Четрӣ-капитани дастаи соҳибони майдон пас аз 11 дақиқа аз зарбаи ҷаримавии пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Ба ҳамин тартиб, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии аввал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо нишондоди 1:0 ғолиб омада буд, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. «Истиқлол» 4 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо дастаи «Алқувва Алҷаввия»- и Ироқ дар бозии финалӣ, ки ҷоизааш 1 000 000 доллари амрикоӣ аст, рақобат мекунад.