23:28, 20 September 2017
watch on Dushanbe time, GMT+5
The State Enterprise of
"Jahonnamo"

Partners





 

Calendar

<< < September 2017 > >>
Mo Tu We Th Fr Sa Su
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

weather

Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид

Нашриёти «Истеъдод» бахшида ба 20 — солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ

китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро нашр намуд. Дар китоби мазкур нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ, нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ, ҳамзамон ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат – об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд. Тавре аз Маркази матбуоти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асрорӣ Мирзошоҳрух ва Рамазонӣ Давлатов омода шудааст.