23:30, 20 September 2017
watch on Dushanbe time, GMT+5
The State Enterprise of
"Jahonnamo"

Partners





 

Calendar

<< < September 2017 > >>
Mo Tu We Th Fr Sa Su
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

weather

Дар Аргентина пас аз боришоти барф ғайричашмдошт ҳаво якбора сард гашт

Дар шаҳри Сан-Карлос-де-Барилоҷаи Аргентина пас аз боришоти барф

ғайричашмдошт ҳаво якбора сард гашт. Сардии ҳаво ба 26 дараҷа баробар шуд, ки ин ҳолатро дар ин шаҳр кормандони обуҳавосанҷӣ рекордӣ увон карданд. Тавре иттилоъ дода мешавад, баробари бориши шадиди барф тундбоди сард ба амал омад, ки давоми даҳсолаҳои охир чунин офатро сокинон ёд надоранд. Сардии тоқатфарсо тобистон соли 1963 дар Аргентина ба амал омада буд, ки сардии ҳаво 22 дараҷаро ташкил медод. Бар асари ҳодисаи табиӣ даҳҳо ҳазор нафар сокинони шаҳри Сан-Карлос-де-Барилоҷа ва атрофии он аз истифодаи неруи барқ маҳрум монданд. Офати табиӣ ба фаъолияти мунтазами фурудгоҳҳо низ таъсири манфӣ расонд.