Барномахо - Муассисаи давлатии "Чахоннамо"

........................
Панчшанбе, 23.02.2012, 03:13
| RSS

 

Менюи асоси
Пурсиш
Кадом барномахои ТВ "Чахоннамо"-ро Шумо тамошо мекунед?
Чавоби хамаги: 827
Омор

Онлайн хамаги: 1
Мехмон: 1
Иштироккунанда: 0
Даромад
E-mail:
Парол:
Хабархо

Барномахо

Асоси » Барномахо (11)

Тафсири рӯз [1]Нақлиёт [2]
Набзи зиндагӣ [1]Тафсир [0]
Сайру сафар [0]Тандурустӣ [0]
Пурсиш ва посух [0]Фариштаи меҳр [0]
Тоҷикистон ва ҷаҳон [0]Мо ва минтақа [0]
Ҷаҳони муосир [0]Олами сиёсат [0]
Асрори табиат [0]Маориф [0]
Иқтисоди миллӣ [0]Тозаҳои нашр [0]
Рӯйдодҳо ва расонаҳо [0]Тақвими рӯз [2]
Cалом синамо [1]Фарханг [3]
Як рӯз [1]
Як рӯз

 А Синамо
Cалом синамо |  Переход: 2  | Илова:   | Таърихи руз: 09.02.2012

Як рӯз-и беморхонаи ёрии таъҷилӣ.
Саломати гавҳари бебеаҳост, вале онро аз ҳифз намудан хеле мушкил аст. Кам касоне метавонанд дар ин роҳ муваффақ гарданд.
Омилии аслии сарзадани маризи ин беаҳмиятист.
Бо соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон қариб ҳамаи соҳаҳо рушд намуданд. Аз ҷумла соҳаи тандурустӣ низ дар ин давра хеле ва хеле равнақ ёфт. Бо ташаббуси сарвари давлат бисёре аз беморхонаҳо аз таъмир гардиданд ва қисми дигарашон бошад бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳуҷрае, ки алъон дида истодаед зиёда чанд нафар хизматгузорони техникӣ мунтазири занги телефонии сокинони шаҳр ҳастанд.
Ҳоло нафаре бо онҳо тамос мегирад. Бемор суроғаашро гуфт ва сомеъони харфи мариз аллакай ба навбатдор занг мезаданд. Гуруҳи кори дар муддати 45 сония омода шуд. Акнун онҳо роҳ пеш мегиранд аз рӯи ҳамон нишонае, ки пештар шунида шуда буд.
Гӯруҳи кори пас аз оне, ки ба маскангоҳи бемор расиду муайян намуд, ки муштари дар ҳолати сахти бемори карор дорад, аз ин рӯ лозим донистанд, ки ӯро ба дармонгоҳ оваранд.
Пас аз ташхис маълум гардид, ки ин мард бемории кирми руда дорад ва аз ҳамин лиҳоз ӯро мебояд ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ бубаранд. Ин амал барои пизишкони ин даргоҳ он қадар мушкил нест, зеро ээшон фаъолити шабонарӯзии хешро маҳз ба ҳамин гунна чиз бахшиданад.
Ҳамаи онҳое, ки ба ин даргоҳ муроҷиат мекунанд ҳатман аз ташхис гузаронида мешаванд.
Дар беморхонаи клиники шаҳрии ёрии таъҷилии ш. Душанбе тамоми шароитиҳо барои расонидани ёрии авввал ба мариз фароҳам оварда шудааст. Беморхонаи мазкур хизматрасонии то бистарикунони ва хизматрасонии стасионарии аҳолии пойтахтро бар уҳда дорад.
Ҳамчунин табибоне, ки дар ин беморхона фаъолият мебаранд бо дастгоҳҳои ҳозираи тиббӣ таъмин мебошанд, ки ин барои боз ҳам зудтар анҷом додани кори бемор мусоидат менамояд.
Стансияи ёрии таъҷили тиббӣ барои хизматрасонии тобистарикунони пешбини карда шудааст. Ин сохтор бо компютер ва дигар таҷҳизоти лозима таъмин гардонида шудааст. Ҳамзамон тамоми компютерҳои ин ҷо шабакаи байналмилалии Интернет пайваст мебошанд, ки ин барои тартиб додани харитаи элетронии шаҳри Душанбе кӯмак менамояд.
Дар ин беморхона боз чандин шӯъбаҳо низ дари худро барои сокинони кишвар боз намудаанд, ки номгӯяшон чунин аст: шӯъбаи қабул, шӯъбаи ҷарроҳии ҷигар, роҳҳои талхагузар ва ғадуди зери меъда, шӯъбаи эндоҷарроҳӣ, шӯъбаи урология, шӯъбаи эхё, шӯъбаи ҷарроҳхона, шӯъбаи ташхису машваратӣ, шӯъбаи хунгузарони ва ғайраҳо.
Дар ин беморхона амалиёти ҷароҳи низ гузаронида мешавад, ки аслан ба шӯъбаи урология вобастагӣ дорад. Дар ин шӯъба дастгоҳи махсуси сангмайдакуни ҷиҳозонида шудааст, ки дар кишвар камшумор аст.
Дар ин дармонгоҳ ҳамаи мутахассони илми тиб ки қисми зиёдашон аъзои Фарҳангистони Тоҷикистон ҳастанд, фаъолият мебаранд.
То ба имрӯз аз болои беморхонаи мазкур касе шикоят набурдааст, ки ин боз ҳам барои рушду равнақ ёфтани фаъолияти кормандони беморхонаи мазкур мусоидат менамояд. Чуноне, ки дар боло кайд намудем ин беморхона фаъолияти шабонарӯзи дорад, ки на хама метавонанд дар ин гунна шароит фаъолият барад.
Вале мо ин марказро пурра ба талаботи рӯз ҷавобгӯ гуфта наметавонем, аммо барои фаркиятгузори намудан аз дигар муассисахои тибби метавон инро ягона ҳисобид.

Як рӯз |  Переход: 38  | Илова:   | Таърихи руз: 23.06.2011

Дар толори ҳунарии Консерваторияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи ҳунарии овозхони машҳуру мумтози тоҷик Рустам Дуллоев баргузор гардид. Ин овозхони варзида аслан дар жанри опера ҳунарнамои мекунад.Барномаи рангини ҳунарии ӯро устодону донишҷӯёни ин даргоҳи ҳунар тамошо карда як ҷаҳон лаззати маънавӣ бурданд. Бояд гуфт, ки Рустам Дуллоев баҳри бозомӯзию такмили маҳорат бурун аз кишвар ба давлати Италия сафар намуд.Дар баробари машқу тамрини ҳунарӣ бо сарояндагони машҳури операи ҷаҳонӣ, ҳамчунин якчанд маҳфилу барномаҳои ҳунарӣ ороста,фарҳанги пурғановати миллии моро муаррифӣ намуд. Рустам Дуллоевро имрӯзҳо ба ҳайси як овозхони опера дар аксои гетӣ мешиносанд ва ба маҳорату ҳунараш арҷ мегузоранд.
Фарханг |  Переход: 41  | Илова:   | Таърихи руз: 22.04.2011

Дар шаҳри Истамбули Туркия фестивали байналмиллалии синемогарон ба анҷом расид. Ба ин чорабинии фарҳангӣ коргардонҳо ва кормандони соҳаи синамо филмҳои беҳтарини худро манзури ҳакамон намуданд. Пас аз тамошо ва муҳокимарониҳои зиёд ҳакамон ҷои аввалро ба филми коргардони Туркия Садот Алмаз сазовор донистанд. Филми Садот Алмаз дар бораи фаъолият ва мавқеи хабарнигор нақл мекунад, ки ӯ новобаста аз таҳқиру таҳдид ва зуроварии баъзе гуруҳо ҳуқуқу манфиатҳои аҳолиро ҳимоя менамояд. Дар ин маъракаи фарҳангии байналмиллалӣ филми коргардони Миср Аҳмад Абдулло соҳиби ҷои дуюм гардид. Филми офаридаи ин коргардони соҳибкасб дар бораи фаъолияти китобхонаи азими шаҳри Искандарияи Миср қисса мекунад. Дар ин махзани илму маърифат то ҳануз китобҳои нодир ва дастхатҳо нигоҳ дошта мешаванд. Қобили зикр аст,ки дар ин чорабинии фарҳангӣ ба ҳакамон ва сайёҳону сокинони мамлакат бештар филмҳои муосири туркӣ ,ки дар мавзӯъҳои гуногун офарида шудаанд, хеле писанд омад.
Фарханг |  Переход: 39  | Илова:   | Таърихи руз: 22.04.2011

Беш аз 58- нигора ва расму мусавараҳои рассомони хориҷӣ ,ки дар осорхонаи шаҳри Курскӣ маҳфуз буданд, ба намоишгоҳи Третиякови шаҳри Маскваи Федератсияи Россия оварда шуд. Дар осорхона асосан офаридаҳои устодони муқалам Александр Дейнеки ,Александр Алмёркин ,Иля Репин ,Алан Рамзе ва дигарон ҷой дода шудааст. Ин маркази маърифатро ҳамарӯза 100-ҳо нафар дӯстдорони санъати зебо тамошо карда, ғизои маънавӣ мегиранд. Асарҳои офаридаи рассомони мумтоз ба асрҳои 16-20 таалуқ дошта, дар онҳо шахсони намоён,табиати зебои диёр, мавзеъҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд Чуноне,ки роҳбари осорхона иброз дошт, чандде қабл як асари рассоми рус,ки дар асри 18- офарида шудааст, ба намоишгоҳ баргардонида шуд. Айни ҳол дар ҳуҷраҳои ду ошёнаи намоишгоҳи Третякови шаҳри Москва беш аз 10-ҳазор расму мусавараҳо мавҷуд аст.
Фарханг |  Переход: 45  | Илова:   | Таърихи руз: 22.04.2011

14-уми апрели соли 1951 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон корҳои муназзами илмию тадқиқотӣ охири солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 шуруъ шуда, моҳи январи соли 1933 пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ҳамин рӯзи соли 1951 АИ ҶТ таъсиси ёфт ва авалин президенти он - арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, интихоб гардид. Ҳоло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 Институти илмию тадқиқотӣ, як қатор муасисаҳои дигари илмиро ки дар соҳаҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва ҷамъиятшиносӣ кор мебаранд муттаҳид менамояд. Солҳои охир муасисаҳои илмии Академияи илмҳо барои ихтироот беш аз 150 шаҳодатномаи муаллифӣ ва патентҳои ҶТ ва Федератсияи Русияро дарёфт намудаанд.
Тақвими рӯз |  Переход: 47  | Илова:   | Таърихи руз: 13.04.2011


14-уми апрели соли 1961 амалиёти зиддиинқилобчиёни кубагӣ бар зидди ҳукумати ин кишвар оғоз шуд. Ин зиддиинқилобчиён пас аз инқилоби Куба дар соли 1959 ба Амрико гурехта, тавассути ин кишвар дар иёлати Флорида дар наздикии Куба макон дода шудад. Тақрибан 2000 зиддиинқилобчии омӯзишдида ва мусаллаҳ дар чунин рӯз ба хоки Куба ҳамла карданд. Аммо нерӯҳои давлатӣ бо фармондеҳии Фидел Костро онҳоро шикаст дода, 1500 нафари онҳоро ба асорат гирифтанд.
Тақвими рӯз |  Переход: 45  | Илова:   | Таърихи руз: 13.04.2011

Барномаи «Набзи зиндагӣ» фарогири мавзӯоти иҷтимоие мебошад, ки он то ба ҳанӯз бо ҳама навгониҳои дошта то ҷойе норушан боқӣ мондаву ҳалталабанд. Вале дар ҷомеаи имрӯза кам нестанд масъалаҳое, ки қисман инъикос гардидаву боқӣ паси ғубор мондааст. Мақсад аз таҳияи барнома низ дар он аст, ки ғубор аз рӯйи чунин масъалаҳо ба пуррагӣ ҳам набошад, то ҷойе бардошта шавад.
Аммо дар зиндагӣ кам нестанд муаммоҳое, ки он бо набзи дошта абадан норушан боқӣ мемонанд. Барнома ба он хотир «Набзи зиндагӣ» унвон гиифтааст, ки маҳз ба паҳлӯҳои чунин масоили бахши иҷтимоии зиндагӣ рӯшанӣ андозад.
Барномаи нахустини «Набзи Зиндагӣ» фарогирии мавзӯоти зайл аст!!!


Агар дар хонаинтернатҳои махсусгардонидашуда яке аз лиҳози ақлӣ, дигаре аз ҷиҳати равонӣ маҳдудият доштаву ҷисман солим бошад, кам нестанд касоне, ки имконияти
ҷисмонияшон маҳдудтар асту аз лиҳози ақлониву равонӣ солиманд. Вале новобаста ба дарди дошта онҳо бо дардмандони гуногун ба ҳам оварда шудаанд. Пас суол ба миён меояд, ки дар чунин ҳол дунёи яке ба дигаре бетаъсир буда метавонад?. Акидаҳо дар ин самт гуногун аст.
Қонунунгузории кунунии соҳаи маориф таҳсили дорандагони имконоти маҳдуди ҷисмониро дар мактабҳои миёна ба низом даровардааст. Вале на дар ҳама ҳолат талаботи қонун риоя карда мешавад. Натиҷаи омӯзиши хабарнигори барномаи мо -Умед Назаров нишон дод, ки дар бештари маврид директорони мактабҳо хоҳиши қабул кардани дорандагони имконоти маҳдуди ҷисмониро надоранд. Чунки дар баробари таълим он ҷавобгарӣ низ дорад.
Гузориш аз «Хона – интернати ноҳияи Ҳисор»
Умед Назаров.


Тазодҳои зиндагии чунин нафарон якранг нест. Агар ки Меҳроҷ миёни ҳамсафони солимаш дар синфхонаҳои мактаби муқаррарӣ худро танҳо эҳсос мекарду муҳити барояш ошноро меҷуст, онро пайдо кард. Вале ҳастанд оризадороне, ки аз танҳоӣ ва дурии ҷомеа хаста шудаанд.
Яке аз муваффақиятҳои қаҳрамони гузориши пешниҳодгардида - Меҳроҷ дар он аст, ки пас аз бемор шуданаш ба зудӣ саломатияш барқарор гардиду, имрӯзҳо пайи таҳсил аст. Вале саргузашти нафаре, ки дар гузориши навбатӣ қисса карда мешавад тобишҳои мураккаб дорад. Чунки бештар аз болини хона, ӯ дар бистари беморхонаҳо сар мондааст. Маҳз чунин хобҳои тӯлонӣ боиси аз таҳсил дур мондани Шабнам мегардад. Агарчи табобати беш аз 16-солаи ӯ натиҷаи дилхоҳ надода бошад ҳам, вале он бетаъсир низ намонд.
Ҷавондухтари 17- сола ҳамакнун ба хондану навиштан пардохтааст, вале на дар мактабҳои муқаррарӣ, балки ҳамроҳ бо ҳамқисматонаш. Барои саводнок гардидани Шабнам омӯзгорони мактаби № 70 шаҳри Душанбе омодаанд, ки ӯро дар синфи ибтидоӣ ба таҳсил фаро гиранд. Вале қаҳрамони гузориши навбатӣ фурсаташро аз дастрафта медонад. Далер Иброҳимов муаммоҳои рӯзгори пур аз тазоди Шабнами Сафаралиро бозгӯӣ кардааст.
Гузориш аз «Чорбоғ».
Далер Иброҳимов.


Бо назардошти мураккабиҳои рӯзгори чунин наврасон Вазорати маориф тасмим
гирифтааст, то нафарони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдудбударо баробар бо нафарони солим ба таҳсил фаро гирад. Зеро дар оғӯши ҷомеа будан имкон медиҳад, ки пеш аз ҳама ҳисси танҳоӣ аз онҳо дур карда шавад. Бинобар ин ҳам давоми бештар аз 2-сол аст, ки мутахассисони Вазорати маориф рӯи «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир ё худ инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор мебаранд.

Чомеаро кӣ ташкил медиҳад, табиист, ки мову Шумо ва ҳамон нафароне, ки паси панҷараи қисмат мондаанд. Агарчанде ҷомеа нисбат ба онҳое, ки худро дур аз он медонанд, хушбин бошад, вале ҳамоно ҳисси танҳоии нафарони талаботи махсусдошта дида мешавад.

Кӯдакону наврасоне, ки маҳдудияти ҷисмонӣ доранд, бештар волидайни онҳо дар азиятанд. Зеро нигоҳубини чунин фарзандон бояд, ки махсус бошад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар аксар маврид модарони онҳо аз ӯҳдаи нигоҳубини фарзандони худ набаромада, аз ноилоҷӣ фарзандонашонро ба мактабхои низоми махсусдошта месупоранд. Вале дар ин радиф ҳастанд онҳое, ки ба хотири барқарор намудани саломатии фарзандон пайваста дар талошанд.
Мутахассисон бар он назаранд, ки барои қисме аз тифлони ранҷур на истифодаи доруву сӯзандору, балки тамринҳои пайваста лозим аст. Чунки истифодаи аз ҳад зиёди доруворӣ метавонад, ки ба маҳдудиятҳои дигари ҷисмонӣ оварда расонад.
Иштирок дар тамринҳои пайваста буд, ки фарзанди 6 солаи Мунира Маҳмадова ба сухан гуфтан оғоз кард. Ин дар ҳолест, ки пас аз шунидани ташхиси табибон модар бовар ҳам надошт, ки рӯзе аз рӯзҳо фарзанди ӯ «МОДАР» –гӯён ӯро фарёд мекунад.
Чӣ гуна тамринҳо боис гардид, ки писари дар гузашта бе забону имрӯза забондони Мунира якбора ба омӯзиши се забон пардохтааст?.
Хабарнигори барномаамон Парвиз Аминов ба ин суол посухи мушаххас медиҳад.
Гузориш аз «Маркази солимгардонӣ».
Парвиз Аминов.


Марказҳои солимгардоние, ки имрӯзҳо дар шахри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд, имкони пурраи фаро гирифтани ҳама ниёзмандонро надоранд.
Агар ки нафари дар марказҳо буда, имкони аз чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ истифода карданро дошта бошад, вале барои волидайни нафароне, ки оризаи ҷисмонӣ доранду дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, пайдо кардани додрас душвор аст.
Бинобар ин, кам нестанд ҳолатҳое, ки хона – интернат ва ё дигар марказҳои махсусгардонидашуда, барои ҷавонони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд хонаи дуввум мегардаду, онҳо аз муҳаббати волидайн моҳҳову сол маҳрум мемонанд. Мутахассисони Вазорати маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бар он назаранд, ки дар сурати қабул ва амалӣ гардидани муқаррароти «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир ё худ инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дурии тарбиятгирандагони хона-интернатҳо барҳам зада мешавад.
Зеро дар лоиҳаи ин ҳуҷҷат муҳайё кардани шароити таълим дар ҳама мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои нафарони дорои талаботи махсус пешбинӣ шудааст.
Гузориши «Вазорати маориф – консепсияи таҳсилоти фарогир».
Исматулло Азизов.
Набзи зиндагӣ |  Переход: 50  | Илова:   | Таърихи руз: 15.03.2011

Автомобил мерседес тамгаи э63амг
Автомобиле, ки дар борааш маълумот медихем, дар ширкати автомобилбарории мерседеси кишвари Олмон бароварда мешавад. Намуди модеш сидан унвон шудааст. Неруи мухарик бошад ба 525 кувваи асп баробар аст.
Силиндрхои дар мухарик насбшуда 8 ададро ташкил медихад. Шумораи клапанхояш бошад 32 ададро ташкил медихад.
Вазни автомобил 2390кгро ташкил медихад. Бо хисоби 4.5 сония суръати харакати автомобил метавонад ба 100 км соат баробар шавад.
Суръати нихоии харакати автомобил 250км соат муаян шудааст. Харчи сузишвориаш роххои пурпечутоб 12.6 литр, роххои берун аз шахри 9.1 литр ва дар роххои дохилишахри бошад 18.7 литр бензин харч мекунад.
Нақлиёт |  Переход: 56  | Илова:   | Таърихи руз: 14.03.2011

Автомобил шевролет комаро
Автомобил шевролет тамгаи комаро, соли барориши ин тамгаи автомобил ба соли 2008 рост меояд. Намуди моделаш купе мебошад макони бароришаш Иёлоти Муттахидаи Амрико аст.
Шумораи силиндрхои мухаррик 8 ададро ташкил медихад. Неруи мухарик ба 314 кувваи асп баробар аст.
Бо хисоби 5.5 сония суръати харакати автомобил метавонад ба 100км соат баробар шавад.
Суръати нихоии харакати автомобил 254км соат муаян шудааст.
Вазни пурраи автомобил 1880кгро ташкил медихад. Дар багочаш метавон то 365 кг борро чой кард.
Харчи сузишвориаш: роххои дохилишахри 17.1 литр, шохрох 9 литр ва дар роххои пурпечутоб 12 литр бензин харч мекунад.
Нақлиёт |  Переход: 54  | Илова:   | Таърихи руз: 14.03.2011

Забон
Чустучу
Погода в Таджикистане Поиск города
bloguez.com
Погода в столицах мира Курс валют
Конвертор валют. Информер

Copyright Ч,умабой © 2012
Бесплатный хостинг uCoz