07:34, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Директори МД «Ҷаҳоннамо»

Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин.

Соли таваллуд: 28-уми феврали соли 1967. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия хизмат намудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм мекунад. Шамсуддинзода Садриддин фаъолияти журналистии худро аз соли 1993 дар Радиои Тоҷикистон ба ҳайси Муҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ оғоз намуда, баъдан солҳои 1996 – 2001 дар вазифаи Мудири Шуъбаи мухбирони Идораи барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳад. Аз соли 2001 то 2003 фаъолияти журналистии Шамсуддинзода Садриддин ба вазифаи Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иқтисодии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон идома меёбад. Солҳои 2003 – 2005 дар вазифаи Машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2005 Директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъйин шуда, то соли 2008 ба фаъолияти худ идома мебахшад. Шамсуддинзода Садриддин солҳои 2008 – 2015 Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2016-2017 дар вазифаи Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Шамсуддинзода Садриддин 15-уми марти соли 2017 бо қарори Ҳукумати ҶТ Директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» таъйин гардид. Хизматҳои Шамсуддинзода Садриддин бо медали «Хизмати шоиста» (соли 2006) қадр карда шудааст.