10:57, 24 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муовини директор оид ба корҳои эҷодӣ

Назарзода Умед Абдураҳим

8-уми сентябри соли 1988 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Пас аз хатми гимназияи №4 ба номи Темур Собиров дар шаҳри Ваҳдат соли 2006 ба шуъбаи журналистикаи байналхалқии факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дохил шуда, онро бо муваффақият соли 2011 хатм мекунад. Фаъолияти меҳнатиро ҳанӯз аз давраи соли 3-юми таҳсил дар Донишгоҳ оғоз намудааст. Соли 2008 ба ҳайси наттоқ, муҳаррири Идораи иттилоотии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» фаъолиятро оғоз намуд. Аз соли 2012 то 2014 корро ба сифати мутахассиси пешбари Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси хабарнигор-наттоқи Идораи иттилоотӣ, муҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангии Телевизиони «Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Аз 6-уми июли соли 2015 ба вазифаи муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» таъйин гардид. Муаллифи силсилабарномаҳои фарҳангӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ. Барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи журналистика бо як қатор ифтихорномаҳо қадр карда шудааст. Аз соли 2009 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.