21:33, 22 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муовини директор оид ба корҳои техникӣ

Шоев Давлат Қудратуллоевич.

Номбурда 14-уми ноябри соли 1982 ба дунё омадааст. Дорои маълумоти олӣ. Номбурда фаъолияти худро ба ҳайси ёвари коргардон аз соли 2001-ум дар Телевизиони Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Ӯ дар ТВТ аз соли 2004-ум коргардон ва аз соли 2006 ба ҳайси саркоргардон дар Шуъбаи танзими барномаҳо кор кардааст. Мавсуф ҳамзамон аз соли 2003 то 2008 дар Идораи иттилоотӣ ба ҳайси коргардон ва дар Маркази техникии ТВТ ҳамчун муҳандис адои вазифа кардааст. Соли 2008-ум бо таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ба таври гузариш аз ТВТ ба телевизиони Ҷаҳоннамо дар вазифаи Сардори Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ ба кор ҷалб мешавад. Шоев Давлат моҳи апрели соли 2017 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои техникӣ таъйин гардид. Номбурда соли 2009-ум барои хизмати шоиста ва маҳорати баланди касбӣ бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» ва соли 2011-ум бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.