10:57, 24 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Директор

Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон

1-уми январи соли 1957 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1979 факултети Забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм намудааст. Солҳои 1977-1978 дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон иҷрои вазифа кардааст. Солҳои 1989-1991 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати тарҷумони низомӣ хизмат намудааст. Фаъолияти журналистиро соли 1982 ба ҳайси муҳаррири Сардирексияи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1984-1986 дар сафи қитъаоти маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хизмат кардааст. Аз соли 1986 то соли 1996 ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъба, муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати сармутахассис ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст. Солҳои 2004 - 2006 дар вазифаи сармуҳаррири идораҳои иттилотӣ, сиёсӣ ва муовини директори Телевизиони Тоҷикистон фаъолият дошт. Бо карори Ҳукумати ҶТ 1-уми марти соли 2006-ум ба вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” таъин карда шуд. 3-юми ноябри соли 2008-ум бо қарори Ҳукумати ҶТ ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” таъин гардид. Муаллифи як силсила барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ. Дар шабакаҳои телевизионии СNN, РТР ФР ва “Ал-Ҷазира” ихтисосашро такмил додааст. Хизматҳои Абдумаҷид Усмон бо унвони ифтихории “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, ордени “Ситораи Сурх”, медали “Хизмати шоиста” ва як қатор дигар мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ қадр карда шудааст. Аз соли 2011 узви ҳақиқии Академияи Телевизион ва Радиои АвруОсиё мебошад.