23:15, 27 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ниёзбек Қаландаров

Сармуҳаррири Идораи иттилоотӣ

Ниёзбек Қаландаров. Фаъолияти касбиашро соли 1992 баъди хатми шуъбаи журналистикаи ДДМТ ба сифати муовини котиби масъули нашрияи ҷамъиятию сиёсии «Паёми Душанбе» оғоз кардааст. Баъдан аз соли 1996 дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи Саридораи барномаҳои иттилоотии Радиои Тоҷикистон, муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият намуд. Солҳои 2005-2009 вазифаи Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотиву таҳлилии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро ба зимма дошт. Дар фосилаи байни солҳои 2009 -2010 ба сифати Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ифои вазифа кардааст. Сипас, дар вазифаи муовини сармуҳаррири Идораи иттилоотии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ва баъдан Сармуҳарии ҳамин идора то имрӯз фаъолияти босамар дорад. Барои меҳнати содиқона бо Нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Точикистон» (соли 2009), Нишони «Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011) ва Нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2012) қадршиносӣ гардидааст.