11:57, 27 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар бораи мо

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 546 аз 31-уми октябри соли 2008 таъсис гардида, фаъолияти худро аз 5-уми ноябри соли 2008 оғоз кардааст. «Ҷаҳоннамо» шабакаи иттилоотии саросарии кишвар буда, аз оғози фаъолият то имрӯз муддати 24 соат бетаваққуф бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ пахш менамояд. Мақсади асосии шабака таъмини аҳолии кишвар бо иттилооти пурра, баланд бардоштани сифат ва фаврияти иттилоот дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигар ахбори муҳим аз мамолики хориҷи дуру наздик ба шумор меравад. Самтҳои асосии фаъолияти муассисаро - таъмини аҳолии кишвар бо иттилооти наву дақиқ, сареъ, саҳеҳ аз дохил ва хориҷи кишвар, таблиғу тарвиҷи ғояҳои ваҳдати миллӣ, афзалият додан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, демократия, сулҳу субот ва инсонпарварӣ, мусоидат ба равандҳои созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллату халқияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсият, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, таблиғоту ба мардум фаҳмонда додани самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳангу санъат, маориф ва тарбияи ҷисмониву варзиш ташкил медиҳанд.

Вазифаҳои муассиса иборат аст аз:- интишори сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби мутахассисону коршиносон ва сиёсатдонҳо, истеҳсол ва паҳн намудани маводу маҳсулоти аудио ва видеоӣ, филмҳои таблиғотӣ, хидматгузориҳои ороишӣ ва дигар фаъолиятҳо дар чаҳорчӯбаи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муассиса аз сохторҳои зерин иборат аст: Маъмурият, шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисобот, шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ, Идораи барномаҳои иттилоотӣ, Идораи барномаҳои таҳлилӣ, Идораи нашри барномаҳо, Муҷтамеи таҷҳизоти студиявӣ, Идораи танзимгарон ва наворҳои берун аз студиявӣ, Шуъбаи таъминоти барқӣ ва равшанидиҳандаи махсус, Шуъбаи нақлиёт, Шуъбаи ороиш ва таҳияи декоратсияҳо, Шуъбаи хоҷагидорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, ҳамчунин дар Муассиса ба таври шартномавӣ, берун аз штат кормандони ғайривоҳидӣ фаъолият доранд.

Дар Муассиса аз рӯйи воҳидҳои корӣ 140 корманд ва ба тариқи ғайривоҳидӣ 80 корманд фаъолият мекунанд, ки синни онҳо аз 18 то 55 соларо ташкил медиҳад. 90 дарсади кормандони Муассисаро ҷавонон ташкил медиҳанд ва як қисми зиёди онҳо донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон мебошанд. Дар Муассиса беш аз 40 нафар занон кору фаъолият мекунанд.

Ҳудуди пахши барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо» мувофиқи маълумоти ҶСШК «Телерадиоком» дар қаламрави кишвар тақрибан 79 дарсадро ташкил медиҳад. Шабака ба моҳвора пайваст буда, ҳудуди фарогирии он дар кишварҳои хориҷи дуру наздик тақрибан 55 фоизро дарбар мегирад.

Муассиса дар Вилояти Бадахшон (2 бунгоҳ), минтақаҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон (5 бунгоҳ), шаҳрҳои Хуҷанд (2 бунгоҳ), Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи Марказ (3 бунгоҳ) бунгоҳҳои хабарии худро ифтитоҳ кардааст. Муассиса дар Федератсияи Россия бунгоҳи хабарии худро ифтитоҳ кард, ки ду нафар кормандони ботаҷрибаи шабака барои кор фиристода шуданд. Ҳамчунин хабарнигорони шабака аз Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ню-Йорк ва Эрон гузоришу хабар ирсол мекунанд.

Шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» дар шабакаи байналмилалии Интернет сомонаи худро дорад. (www.jahonnamo.tj)

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира»-и давлати Қатар, шабакаи телевизионии «Пресс-ТВ»- Ҷумҳурии Исломии Эрон, «РашаТудей»-и Федератсияи Россия, шабакаҳои телевизионии «Нурин» ва «Орзу»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахши форси шабакаи «БиБиСи»-и Британияи Кабир ва ғайраҳо робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар ин давра як қатор кормандони Муассиса дар сафарҳои хидматии корӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд. Кормандони эҷодӣ ва фаннии Муассиса, ки аксари кулли онҳоро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд, дар шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ ва иттилоотӣ, аз ҷумла дар шабакаи «Ал-Ҷазира»- давлати Қатар, «ВВС»-и Британияи Кабир, «Пресс-ТВ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «СNN»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, телевизиони Созмони Милали Муттаҳид, «NHK»-и Япония, «ТТРК»-и Туркия, ССТV-и Ҷумҳури Халқии Хитой дараҷаи касбии худро сайқал додаанд. Шароити корӣ дар Муассиса барои кормандон хуб муҳайё гардидааст. Кормандони Муассиса айни замон бо 80 адад таҷҳизоти компютерӣ, ки бо Шабакаи байналмилалии Интернет пайваст аст, таъмин мебошанд.

Моҳи марти соли 2015 Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дарёфти ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» аз ҷониби ширкати байналмилалии «Би-Ай-Ди-Бизнес Инишиатив Дайрекшинз» сазовор гардид.

Муассиса алҳол бо мақсади баланд бардоштани сифат ва муҳтавои барномаҳо, таъмини нуфузи он дар фазои иттилоотии дохил ва хориҷи кишвар, истифодаи таҷрибаи ҷаҳонии барномасозӣ аз шароиту имконоти имрӯза истифода бурда, нақша дорад, ки барномаҳо ва лоиҳаҳои нави телевизионӣ роҳандозӣ намояд ва шароити фаннии онро беҳбуд бахшад.

Омори техникӣ

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тайи 8 соли мавҷудияти худ дар самти муҷаҳҳазонии техникии шабака корҳои зеринро ба субут расондааст. Қабл аз ҳама, дар ин бахш кадрҳои ҷавон тарбия шуда, таҷҳизоти гуногуни студиявии замонавӣ ворид ва насб карда шуданд, ки омили асоси беҳбуди сифати пахши барномаҳо мебошанд. Аз ҷумла, пулти эҳтиётӣ «PROFIT 1016TE» дар Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ бо тамоми таҷҳизоти заруриаш насб ва мавриди истифода қарор дода шуд. Вориду насб кардани барномаҳои компютерии «Air box», «Title box» тавонистааст, ки сифати пахши барномаҳо ва «Сатри равон»-и шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо»-ро беҳтару хубтар намояд. Инчунин дастрас кардани 3 дастгоҳи нави наворбардорӣ тамғаи «HVR-S270E», студияи вертуалӣ «TRIKASTOR 855», воситаҳои равшанидиҳанда барои беҳбуди сифати сабти барномаҳо сабаб шуданд. Дар баробари азнавсозиии таҷҳизоти студиявӣ Муассиса кормандони эҷодӣ ва танзимгаронро бо компютерҳои пуриқтидори «CORE I5», «CORE I7»-и барномасозиву танзимгарӣ ва 3 адад ноутбуки тамғаи «CORE I3» барои пахшҳои мустақим дар Муассиса ва ворид кардани ахбор ба сомонаи интернетии Муассиса таъмин кард.

Соли панҷум аст, ки дар Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» хазинаи электронии барномаҳо таъсис дода шудааст ва дар асоси он Муассиса имкон дорад, барномаҳои дар эфир пахш гаштаро ба муҳлати то 6 моҳ маҳфуз нигоҳ дорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ мониторинги сифати пахш ва эфирро гузаронад. Дар баробари он ки аксари маводи эфири шабака тариқи барномаҳои компютерӣ танзим карда мешаванд, барои танзими маводи фаврӣ ду танзимгоҳи ғайрикомпютерӣ ва ё ба ибораи дигар «линейный» бо дастгоҳҳои замонавӣ насбу васл шуда, мавриди истифодаи ҳамарӯза қарор дода шудаанд. Мақсад аз ворид намудани техникаю таҷҳизоти замонавӣ беҳтару хубтар сохтани сифати барномаҳо ва пахши эфир мебошад. Аммо дар баробари ин чанд мушкилие ҷой доранд, ки ба сифати пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» таъсири манфӣ мерасонанд. Пеш аз ҳама сабаби асоси ин заиф будани фиристандаҳои сигнали пахши барномаҳо мебошад. Ҳамчунин, бояд хотирнишон шавад, ки дар асоси маълумоти ҶСК «Телерадиоком» ҳудуди фарогирии мавҷи Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» 78,96 дарсад буда, шумораи фиристандаҳои аналогӣ дар миқёси кишвар 164 адад ва фиристандаҳои рақамӣ 11 ададро ташкил медиҳад. Дар айни замон Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ҷиҳати гузаштан ба пахши барномаҳо бо формати HD омодагиҳои техникӣ дида истодааст.