Муассисаи давлатии "Чахоннамо" - Главная страница

........................
Шанбе, 28.01.2012, 15:40
Омор
Онлайн хамаги: 0 Мехмон: 0 Иштироккунанда: 0
|
 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шӯрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Баъди сӯҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон-сардорони шӯъбаҳои дастгоҳи Шӯрои амнияти кишвар доир ба амнияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, се нафар ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои кофтукоби ҷиноӣ, тафтишот ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Вахш, Балҷувон, Ҳисор ва Шаҳринав иваз карда шуданд. Муҳаббат Иброҳимов Сардори Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо таъин карда шуд. Зимни сӯҳбат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои ногувори даст задани кормандон... Давомаш »
|
 Ба ҳар нафари зарардидаи киштии дар соҳилҳои Италия ба садама дучор шуда, дар ҳаҷми 11 ҳазор евро ҷубронпулӣ медиҳанд. Ин ширкат ваъда дод, ки маблағи хариди билет, роҳхарҷӣ ва табобатпулиро ба таври ҷудогона пардохт менамояд. Роҳбарияти ширкат пас аз мубоҳисаи тӯлонӣ бо гурӯҳи намояндагони мудофеи манфиати истифодабарандагон, ба ин тасмим расиданд. Аммо онҳо мӯҳлати дақиқи татбиқи ин иқдомро муайян накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносони манфиати зарардидагонро ҳифзкунанда, талаб доранд, ки масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ва мӯҳлати пардохти онро ба таври алоҳидагӣ баррасӣ намоянд.
|
 Фаронса то охири соли 2013-ум тамоми низомиёни худро аз қаламрави Афғонистон хориҷ мекунад. Қарори мазкур зимни мулоқоти навбатии президенти Афғонистон-Ҳомид Карзай ва президенти Фаронса Николя Саркози, ки дар қасри Елисей баргузор гардид, қабул карда шуд. Бояд гуфт, ки аз тирамоҳи соли гузашта, Фаронса ба ихроҷи нерӯҳои ҳарбии худ аз Афғонистон оғоз карда буд. То ин дам аллакай 400 нафар низомии фаронсавӣ хоки ин кишварро тарк гуфтанд. Айни ҳол 3 ҳазору 600 сарбози дигари ин мамлакат дар Афғонистон мустақаранд. Ба гуфти Николя Саркозӣ бояд акнун таъмини амнияти аҳолии 30 миллионнафараи Афғонистонро мақомоти қудратии ин кишвар ба ӯҳда гирад. Ташрифи Ҳомид Карзай дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтае қабл бар асари як задухӯрди шадид 4 нафар низомии фаронсавӣ ба ҳалокат расида, 16 каси дигар захмӣ шуданд. Аз оғози амалиёти ... Давомаш »
|
 Ҳазорҳо нафар сокинони Испания дар маркази пойтахти мамлакат- шаҳри Мадрид ҷамъ омада, талаб доранд, ки тафтишоти ҳодисаи рабудани кӯдакони навзод оғоз карда шавад. Тавре иттилоъ дода мешавад, солҳои 40-уми асри гузашта, ҳукумати кишвар қароре ба тасвиб расонда буд, ки тибқи он, давлат парваришу тарбияи фарзандони оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ носолимро ба ихтиёри худ мегирифт. Аммо дар ин замина тақдири ояндаи фарзандон барои волидон номаълум боқӣ мемонд. Акнун онҳое, ки аз ин иқдоми ҳукуматдорони вақт зарар дидаанд, тақозо доранд, ки қазияи мазкурро ҳаматарафа санҷида, гунаҳгорони онро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ғайр аз ин, ҷабрдидагони ин амал, аз давлат пардохти ҷуброни молию маънавиро хоҳонанд. Танҳо дар соли гузашта, ба судҳои Испания беш аз 1400 аризаи шикоятӣ пешниҳод шуда буд. Тибқи маълумоти созмоне, ки тафтишоти ҳодисаи... Давомаш »
|
 Дар пойтахти Сенегал шаҳри Дакар миёни намояндагони мухолифин ва мақомоти қудратӣ задухӯрд сурат гирифт. Сабаби якбора мураккаб гаштани вазъияти сиёсӣ, ин қарори суди конститутсионӣ мебошад, ки тибқи он президенти кишвар метавонад маротибаи 3-юм номзадии худро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ намояд. Ин дар ҳолест, ки президенти Сенегал Абдулай Вад муддати 12 сол боз сарварии давлатро ба ӯҳда дорад. Ғайр аз ин, Суди олӣ номнавис кардани яке аз номзадҳо-сароянда Юссу Н'Дурро, ки намояндаи мухолифин буда, аз нуфузи бештар бархӯрдор аст, рад кард. Вобаста ба вазъияти ба амал омада, ҳукуматдорон барои пешгирӣ кардани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, дар кӯчаҳои марказии пойтахт ҳазорҳо нафар полисро сафарбар намуданд. Дар Сарқонуни Сенегал соли 2008-ум тағйирот ворид карда шуда буд, ки тибқи он президент набояд бештар аз 2 маротиба ... Давомаш »
|
 Ширкати ҳавопаймоии «Испан-Эйр» фаъолияти худро қатъ намуд. Ба гуфти масъулин онҳо ин амалро дар пайи бад гардидани вазъияти молиявии ширкат роҳандозӣ намуданд. Новобаста аз он, ки ҳукуматдорони Испания риояи ҳуқуқҳои мусифронро тақозо намуданд, тамоми хатсайрҳои «Испан-Эйр» аз бегоҳи рӯзи ҷумъа ба таъхир гузошта шуданд. Тавре гуфта мешавад, мушкилоти молиявӣ давоми чанд соли охир ширкати ҳавопаймоиро пайгирӣ менамуд. Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии Скандинавия дар соли 2009-ум ба «Испан-Эйр» ба маблағи рамзии 1-евро саҳмияҳои сармоягузорони Каталониро фурӯхта буд. Ширкат ҳамчунин натавонист, ки ҳатто аз кӯмаки буҷаи минтақавӣ мушкилоти молиашро ҳал намояд. «Қатар-Эйрлайн», ки хариди «Испан-Эйр»-ро нақша дошт, дар ниҳояти кор аз ин тасмими худ даст кашид.
|
 Вазъият дар минтақаи евро ба мавзӯи асоситарини рӯзи сеюми баргузории форуми иқтисодии ҷаҳон дар шаҳри Давоси Швейтсария табдил ёфт. Сиёсатмадорони аврупоӣ бовар доранд, ки аз бӯҳрони молиявӣ мебароянд. Роҳбари Бонки марказии Аврупо Марио Драги изҳор дошт, ки бозорҳои молӣ хатари қарзҳои мустақимро меафзоянд. Ба гуфти ӯ минтақаи евро барои аз миён бардоштани бӯҳрони қарзӣ аллакай хизматҳои зиёде намудааст. Дар маҷмӯъ ислоҳоти Юнон иштирокчиёни ҳамоишро қонеъ карда натавонист. Ба гуфти коршиносон Юнон танҳо дар ҳоле вазъияти молии худро ба эътидол оварда метавонад, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи байналмиллалии асъор кӯмаки молиявии навбатиро дарёфт созад. Мубоҳиса аз рӯи ин масъала рӯзи Душанбе дар ҳамоиши Иттиҳоди Аврупо давом меёбад. Ин баҳс бояд маълум намояд, ки давлатҳои берун аз минтақаи евро барои ба имзо ... Давомаш »
|
 Бино ба гузориши гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия, субҳи рӯзи ҷумъа нерӯҳои артиши миллии ин кишвар ба яке аз пойгоҳҳои асосии онҳо- шаҳри Ҳумо ҳамла оварданд. Бар асоси охирин гузоришҳо дар ин ҳамла дастикам 40 нафар аз сокинони шаҳр кушта шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳамлаи нерӯҳои артиши Сурия ба яке аз минтакаҳои наздики шаҳри Димишқ ҳудуди 12 нафар қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҳамин ҳол Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ки дар ҳоли баррасии қатъномаи наве дар бораи Сурия мебошад. Гуфта мешавад, ки талаботи асосии ин қатънома истеъфои Башор Асад аз қудрат хоҳад буд. Иттиҳоди Араб низ аз Башор Асад хостааст, ки бо супурдани ваколатҳояш ба муовини худ қадамҳои нахустинро барои ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ фароҳам созад. Дар ҳамин ҳол Россия хоҳиши аз сари қудрат дур шудани Башор Асадро ҷонибдо... Давомаш »
|
 Зимни амалиёти махсуси нерӯҳои амниятии Доғистон дар минтақаи Қизляр панҷ силоҳбадст безарар гардонда шуд. Тибқи иттилои расида, шахсони кушташуда, аъзои дастаи ҷиноятии Қизляр мебошанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳодиса ба амалҳои террористӣ марбут дониста мешавад. Дар рафти даргирии мутақобила 4 нафар хизматчии ҳарбии қӯшунҳои дохила низ ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
|
 Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ шумораи онҳое, ки аз истеъмоли доруи пастсифат дар шахри Лаҳори Покистон ба ҳалокат расиданд, беш аз сад нафарро ташкил менамояд. Тибки иттилои кормандони сохаи тандурустии ин мамлакат одамон аз харобшавии майнаи сар ва гирифтор шудан ба бемории лейкотситу трамаситҳо ҳалок гардиданд. Мувофиқи иттилои манбаи дигар, одамон пас аз истеъмол кардани ин дору аз сактаи дил ба халокат расиданд. Тавре маълум гардид ин доруро яке аз ширкатҳои дорусозии худи Покистон истехсол кардааст. Фаъолияти коргоҳи мазкур барои гузарондани тафтишот то мӯҳлати номаълум каът карда шуд. Тафтишотро мутахассисони хориҷӣ мегузаронанд. Бояд гуфт, ки ин доруро табибон ба 2-ҳазор нафар маризон тавсия додаанд. То ҳол бемороне, ки чунин доруи марговарро истеъмол кардаанд, ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат менамоянд.... Давомаш »
|
|
Погода в Таджикистане
Поиск города
Погода в столицах мира
Курс валют
|
| | |